Пас аз ҷароҳат: Муҳаммад Салоҳ дар Русия тамринҳои инфиродӣ мекунад

Ҳамлагари тими "Ливерпул" ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ пас аз ҷароҳат бардоштанаш, зери назорати пизишкон тамринҳои инфиродӣ мекунад
Sputnik

Мунтахаби Миср 10 июн ба  Русия расид. Аввалин тамрини даста дар шаҳри Грозний бе ширкати Муҳаммад Салоҳ сурат гирифт.

Роҳбарияти даста тасмим гирифтааст, ки то пурра сиҳат шудани ҷароҳати  Муҳаммад Салоҳ, ӯро аз майдон "ҳифз" кунад.

Ёдрас мешавем, Муҳаммад Салоҳ 26 май дар бозии ниҳои Лигаи қаҳрамонҳо бо дастаи "Реал" ба китфаш ҷароҳат гирифта буд.

Худи футболбоз изҳори умедворӣ мекунад, ки дар сабқатҳои Ҷоми футболи ҷаҳон ширкат мекунад.