Шатранҷбози машҳури тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Мумбайи Ҳинд пирӯз шуд

Моҳи январи соли гузашта низ Фаррух дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳинд дар байни 258 шатранҷбоз аз 23 кишвар аз даҳ бозӣ 8,5 имтиёз ба даст оварда пирӯз гардида буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Фаррух Амонатов, шатранҷбози машҳури тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Мумбайи Ҳинд бо касби 8 имтиёз дар 10 бозӣ пирӯз гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ 150 шатранҷбоз, ки аз онҳо 15 нафарашон бузургустод(гроссмейстер) буданд, барои дарёфти ҷоизаи шаҳрдорӣ мубориза бурданд.

Шатранҷбози тоҷик аз даврҳои аввали мусобиқа бас хуб донаронӣ кард ва дар натиҷа дар 6 бозӣ пирӯз шуда, чаҳор бозиро баробар анҷом дод ва мусобиқаро  бидуни бохт ва касби  8 имтиёз бо пирӯзӣ ба охир расонд.

"Ба вижа бозии ӯ бо Мартин Кравтсев (аз Украина), ки дар ин мусобиқа баландтарин имтиёз(2662) ро дошт, дар даври ҳаштум  басо шавқовар гузашт ва бо натиҷаи баробар поён ёфт. Дар натиҷа шатранҷбози машҳури тоҷик ва   шатранҷбози ҳолландӣ Пречессерс Роланд   8 имтиёзӣ гирифтанд ва бо дарназардошти нишондодҳои  иловагӣ Фаррух Амонатов пирӯз эълом ва соҳиби ҷоми шаҳрдори Мумбай гардид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Шоёни зикр аст, ки  моҳи январи соли гузашта низ Фаррух дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлии   Ҳинд  дар байни 258 шатранҷбоз аз 23 кишвар аз даҳ бозӣ 8,5 имтиёз ба даст оварда пирӯз гардида буд.