Саг — посбони асосии чӯпонон дар Тоҷикистон аст. Рамаи гӯсафандонро чӯпонҳо маҳз ба воситаи саг идора мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сагони рамаҳои гуногун ҳангоми подабонӣ ба ҳамдигар дармеафтанд.
Ҳамин гуна як ҳодисаро чӯпони тоҷик ба навор гирифтанд. Видиои мазкур соли 2014 нашр шудааст. То имрӯз навори кучукҷанг дар кӯҳҳои Тоҷикистонро қариб 3 миллион нафар тамошо кардаанд.
Бинандаҳои YouTube зери навор шарҳҳои гуногун навиштаанд. Бархе аз корбарон бар ин боваранд, ки зоти сагҳои чӯпонӣ беҳтарин намуди саг аст. Зеро онҳо соҳибони худро то дами охир ҳимоят мекунанд.
Саги чӯпонӣ — яке аз зотҳои қадимии сагҳои осиёимарказӣ мебошад.
Онҳоро чӯпонҳо барои ҳмоияи рамаву чорво ва хизмати посбонӣ истифода мебаранд.