Навори мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Чин мулоқот карданд
Sputnik

Дар мулоқот раисҷумҳури Русия Владимр Путин гуфт, ки Тоҷикистон шарики тиҷории стратегии Русия мемонад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия гардиши коло байни Тоҷикистону Русия дар соли 2018 то 18 дар сад афзуда, Русия тарҳҳои Тоҷикистонро ба 2 миллиард доллар  маблағгузорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ин мулоқоти вай бо Путин аввалин дидор пас аз интихоб шудани ҳамтояш ба мансаби раисҷумҳурӣ мебошад. Кишвардори Тоҷикистон гуфт, мехоҳад бори дигар вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва дигар масъалаҳоро бо Владмир Путин баррасӣ кунад.

Маълумоти бештарро аз навори Sputnik Тоҷикистон пайдо кунед.