Аз шоҳроҳи Помир то водии Вахон: гардишагари хориҷӣ Тоҷикистонро бо мотосикл давр зад

Ҷаҳонгарди номдор Кинга Танаевская тамоми Тоҷикистонро бо мотосикл саёҳат карда, навори онро дар YouTube мунташир кардааст
Sputnik

Кинга баробари гардишгарӣ дар Тоҷикистон табиати зебои кишварро ба навор гирифт.

Вай дар навор аз таассуроти ҳаррӯзааш дар Тоҷикистон нақл мекунад. Гардишгар пас аз бозгашт ба кишвараш навори бардоштаашро дар  YouTub мунташир кард.

Кинга Танаевская ҳамчунин манзараҳои зебои Тоҷикистонро акс гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардааст.

Ба гуфтаи худаш, вайро табиати Тоҷикистон, бахусус манзараҳои Помир шигифтзада карданд. 

"Шоҳроҳи машҳури Помир ва водии Вахон — орзуи ҳар як сайёҳи мотосиклсавор аст. Манзараҳои Тоҷикистон бисёр зебоянд. Тамоми саёҳатам чунон аҷибу шавқовар гузашт, ки қариб аз шикастани мотосиклам фаромуш кунам!" — тавзеҳ додааст сафари худро Танаевская.

Сайёҳат дар шоҳрои Помир — осон нест ва на ҳар як гардишгар метавонад мустақилона Помирро аз худ кунад. Тавр аз навор дида мешавад, саёҳат бо мотосикл аз Кинга низ заҳмати зиёдро талаб кардааст.

Аммо ин гардишагари хориҷӣ ба хотири тамошои Тоҷикистон ин ҳама мушкилиро паси сар кардааст.

Кинга дар як рӯз даҳҳо километрро тай мекард, ӯ ҳудудан дар як шабонарӯз 8 ё 10 соат мотосикл меронд.

То ҳол дар You Tube видеои мунташиркадаи гардишгари хориҷиро 90 ҳазор корбар тамошо кардаанд.