"Саҷда ба модар-саҷда ба Худост": раисҷумҳур дар бораи модараш китоб навишт

Президент дар китоби навбатиаш дар бораи зиндагиномаи модараш нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов китоберо таҳни унвони "Саҷда ба модар-саҷда ба Худост" навишта, ба модараш Огулабат-эҷе бахшидааст.

Аввалин намунаи ин китобро, ки бо забонҳои туркманӣ, русӣ ва англисӣ мунташир шудааст, раисҷумҳур ба иштирокдорони рӯнамоии тарҳҳои  сохтмонӣ — раиси маҷлиси Туркманистон, узви Ҳукумат ва роҳбарони мақомотҳои давлатӣ тақсим кард.

Тавре расонаҳои Турманистон навитаанд, "раисҷумҳур дар китоби худ дар бораи зиндагиномаи модараш  Огулабат-эҷе чун намунаи олии ахлоқиву хонаводагии мардуми туркман навиштааст".

Муқоваи китоб бо акси Огулабат-эҷе оро дода шудааст.

Худи Бердимуҳаммадов гуфтааст, "аз даврони қадим модарро муқаддас мешумориданд. Бояд ин анъанаро аз насл ба насл идома дод".

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ба ғайр аз сиёсат дар риштаи адабӣ низ фаъол аст. Чунончӣ, ӯ моҳи ҳи авгсути соли гузашта китоберо навишта ба падараш Моликқулӣ Бердимуҳаммадов бахшида буд.

Ҳамчунин президент асарҳои илмӣ низ таълиф кардааст. Чунончӣ асарҳои вай дар бораи қолин, мисиқӣ ва аспҳои зотии туркманӣ низ мунташир шуда буданд.