Ту некӣ куну ба дарё андоз: Чигуна кӯдаки муҳоҷири тоҷикро зани рус фарзандхонӣ кард

Дар шаҳри Перм роҳбари бунёди хайрияе Елена Котова як духтарчаи тоҷикеро, ки модараш аз вай рӯй тофта, падараш ҳабс шудааст, ба фарзандӣ қабул кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik, Рубен Гарсия. Қисмати  Нисои ҳафтсола, ки ҳарчанд на ятим, вале бе падару модар монд, ҳамзамон ҳам оддӣ асту ҳам фоҷеавӣ. Модари худаш аз вай рӯй тофт, падарро ҳабс карданд. Модарандар натавонист ӯро ба тарбияи худ гирад.

Падари духтарак бо ҳамсару фарзандонаш барои кор  ба Перм рафта буд.

Ӯ дар Русия бо зани русе ошно мешавад. Онҳо иртиботи маҳрамона пайдо мекунанд, ки дар натиҷа зани рус ҳомила мешавад. Зан тасмим мегирад, ки исқоти ҳамл кунад, вале марди тоҷик мегӯяд, тарбияи фарзандро худаш бар ӯҳда мегирад.

Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Марди тоҷик пас аз таваллуд шудани кӯдак, тифли навзодро ба манзилаш меорад. Ҳамсари қонуниаш — Зӯҳро, ҳарчанд аз шавҳар ранҷида буд, бо кӯдак меҳрубон мешавад ва ӯро ба тарбия қабул мекунад.

Аз хонавода ба ятимхона ва аз ятимхона ба хонавода

Дар айни замон, падар тасмим мегирад, ки вазъи молии худро беҳтар гардонад ва ба фурӯши маводи мухаддир даст мезанад. Дар натиҷа ӯро дастгир мекунанд ва ба 13 соли зиндон маҳкум мешавад.

Тарбияи Нисои хурдсол пурра ба дӯши Зӯҳро меафтад, ки ғайр аз духтарандар, чор фарзанди дигар дошт.

Зан барои кӯмак  ба масҷиди маҳаллӣ муроҷиат мекунад. Ба зан кумак мерасонанд, то бо бунёди "Гаҳвораи умед" тамос бигирад. Созмони "Гаҳвораи умед" —ро Елена Котова роҳбарӣ мекард, ки дар Перм на танҳо ба хайрия, балки ба тиҷорат низ машғул буд.  

Елена ба Зӯҳро кӯмак мекунад, ки  иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба даст ораду нигоҳубини кӯдакро расман ба дӯши худ гирад. Ҳамин тавр, Нисо аз тақдири нохӯши ятимхона раҳоӣ меёбад.

Аз бозӣ то хондани Қуръон: муҳоҷирони тоҷик чигуна фарзанд тарбия кунанд?

Мутаассифона, бадбахтӣ  танҳо намеояд. Зан шароити кор дар Русияро тибқи иҷозатнома вайрон карда, ҷарима мешавад. Азбаски мӯҳлати сабтиноми ӯро тамдид намекунанд, зан маҷбур мешавад ба Тоҷикистон баргардад. Боз намояндагони хадамоти васиён барои духтарак меоянд.  

Елена, ки ин вақт дар бемористон табобат мегирифтааст, натавонистааст барои ихроҷ нашудани Зӯҳро ба Тоҷикистон коре кунад.

"Ҳатто агар он замон ман ба онҳо кӯмак мекардам ва онҳоро сабтином меркадам, ин кори ман мухолифи қонунгузории кишвар мешуд", — гуфт зан  ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба сари Елена ногаҳон фикри дигаре омад. Чӣ мешавад, ки Нисоро фарзандхонӣ кунад. Ду писари зан пеши роҳи ин иқдоми модар намешаванд.

Еленаро дар мақомоти дахлдори Перм хуб мешинохтанд. Барои ҳамин ҳам вай ба зуддӣ тавонист ҳуҷҷатҳои фарзанхониро бе мушкилӣ тартиб диҳад. Нисо ҳатто соҳиби шаҳрвандии Русия шуд. Аммо модари худаш то ҳол хостори дидори фарзандро надошт.

Ҳамачи кӯдаквор…

Алъон Нисо ба мусиқӣ ва варзиш машғул аст. Ӯ ҳоло 8 сол дорад. Вале танҳо имсол ба мактаб меравад. Як сол дер кардани вай сабаб дошт: Нисо забони русиро хуб намедонист.

Нисо ба хонаводаи Елена зуд унс гирифт.

 "Мо худамон оила калон дорем —  писархонду фарзандони худӣ ва шиносону наздикон. Ва худи Нисо ҳам бе назорати қатъии сарпарастон калон шудааст, метавон гуфт дар кӯча, байни одамони гирду атроф. Бар ин бино, духтарак ҳеҷ як мушкилоти иҷтимоӣ надорад. Ягона мушкилӣ — ахлоқ аст, вай на ҳамеша таҳсилу машқ кардан мехоҳад. Балки ин ҳамаро кӯдакони маъмӯлӣ доранду, ӯ низ мисли онҳост", — қайд мекунад сарпараст.

Кӯдакони муҳоҷирон II: Чӣ гуна дар Русия муҳоҷирон барои муҳоҷирон боғча “месозанд”

Елена Нисоро аз хешовандонаш пинҳон карданӣ нест. Нисо медонад, ки вай дар Тоҷикистон бобо ва бибӣ дорад, ҳатто дар оянда ба назди онҳо сафар кардан мехоҳад.

Аз рӯи гуфтаҳои Котова, ба тифл фаҳмонидани вазъияти воқеӣ роҷеъ ба хешовандонаш осон набуд, чунки кӯдак дар аввал умуман намефаҳмид, ки ким-кадом як модари аслӣ, яъне биологӣ дорад.

Барои озодии духтар

Вазъи падари духтарак аз ин ҳам бадтар аст. Гарчанде ӯ дар паси панҷара менишинад, аммо духтарашро фаромӯш намекунад. Вай имконияти дидани кӯдакро пештар аз 13 сол метавонад пайдо кунад, зеро мувофиқи ҳукми додгоҳ, падари тифл пас аз 6 соли маҳбас барои шартан ва барвақт озод шудан, ҳуқуқи ироаи дархостро дорад.

"Падар масоили гуногунро баррасӣ мекунад, зеро барои ӯ пайвастан ба оила — ягона имкониятест, ки шаҳрвандии Русияро гирад, чун ба ҳар ҳол духтарак шаҳрванди Русия аст, на Тоҷикистон. Ҳадди ақал, вай хуб мефаҳмад, ки барояш аз маҳбас занг задан маъние надорад, чун давраи одаткунии тифл гузашта истодааст", — таъкид мекунад Елена Котова.

Мувофиқи суханони хонум, тибқи қонунгузори Русия, падар, новобаста аз гузаштаи ҷиноии худ, ҳаққи пурраи волидӣ дошта, барои ин кор иҷозати расмии сарпараст талаб карда намешавад.

Ва агар дар ин ҳолати муайян мақомоти ҳифзи атфол модари биологиро аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум карда тавонанд, азбаски ӯ бо кӯдак умуман машғул нашудааст, вале падарро, то замони будубош дар маҳбас, наметавонанд аз ҳуқуқаш маҳрум кунанд.

Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар

Аммо ноил шудан ба ин кор осон нест. Аввалан, пас аз анҷоми мӯҳлати ҳукм, ӯро бо эҳтимоли зиёд ба ватанаш Тоҷикистон баргардонанду шомили феҳрастҳои сиёҳи идораи муҳоҷирати ВКД ФР кунанд. Дуюм, агар мурофиаи судӣ лозим шавад, пас мақомоти ваколатдор метавонанд хоҳиши фарзанди аллакай калонро ба назар гиранд, ки шояд дигар намехоҳад ба назди волидайни нохуби худ баргардад.

Бунёди хайриявии "Гаҳвораи умед" бори аввал нест, ки ба атфол ва кӯдакони муҳоҷир аз он ҷумла, кумак кунад. Бунёд кори "равзанаҳои ҳаёт" ё "қуттӣ барои кӯдак"-ро ташкил медиҳад. Ин ҷойҳои махсусест, ки модарон кӯдакони навзоди номатлуби худро махфиёна ва бидуни зӯроварӣ ба онҳо оварда мегузоранд. Ҳамин тариқ, ба хӯби огаҳанд, ки онҳоро ғамхорӣ мекунанд.

Елена Котова с таджикской девочкой Нисо из социальной сети Facebook

"Воқеае рух дода буд, ки як рӯз духтаре аз тарс ба волидонаш чизе нагуфта, тифлеро таваллуд кардаву, оварда ба "қуттӣ барои кудак" гузоштааст. Аммо баъд мо бо волидайн ва худи духтар кор бурдем, кӯдакро ба оила баргардонидем ва хешовандон ҳам омада, модари ҷавонро дастгирӣ карданд",  -  нақл мекунад Котова.

Дар маҷмӯъ, ихтиёриён ва коркунони бунёд таи фаъолияти худ 19 қуттӣ барои кӯдаконро муқаррар карда, 78 тифлро аз марг наҷот додаанд.