Аз сари омӯзгор доллар рехатанд: навори таҳқири устоди донишгоҳ дар Узбакистон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори таҳқири устоди донишгоҳ дар Узбакистон паҳн гаштааст. дар он дида мешавад, ки донишҷӯён ба сари омӯзгор доллар рехта, ба ин восита ӯро мазоҳ мекунанд
Sputnik

Донишҷӯёни яке аз мактабҳои олии Узбакистон ҳангоми дарс аз ҷой хеста, ба назди омӯзгор меоянд. Онҳо аз сари устоди донишгоҳ доллар мерезанд ва аз ӯ даъват мекунанд, ки рақс кунад.

Бояд қайд кард, ки навор 8 сол пеш гирифта шудааст, аммо онро ба шабакаҳои иҷтимоӣ чанде пеш сар додаанд.

Мақомоти тафтишотии Узбакистон аз рӯйи навор тафтишот мебаранд.

Корбарони интернет ин рафтори донишҷӯён вокунишҳои зиёд нишон додаанд.