Узбакистон ҳазор тонна тухмии корношоями картошкаро ба Русия баргардонд

Аз оғози сол ҳазор тонна тухмии картошка, бо сабаби ошкор шудани бемории қорч дар он, ба Русия баргардонида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Аз аз оғози соли 2018 Узбакистон 1 ҳазор тонна тухмии бемори картошкаро бо сабаби мавҷудияти фитофтороз — бемории аз ҳама бештар   маъмули ин зироат, ба Русия баргардонд, — иттилоъ медиҳад Баррасии давлатӣ оид ба карантини растаниҳо дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ.

"Аз оғози соли равон кормандони муассисаи "Узгоскарантин" мониторинги фаъолияти содиркунандагон ва воридкунандагонро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мунтазам назорат мекунанд. Хусусан, 1 ҳазор тонна тухмии картошка ба Русия, бо сабаби ошкор шудани бемории қорч — фитофтороз дар он, баргардонида шуд", — гуфта мешавад дар иттилоъи ниҳод, ки дар ВАО нашр шудааст.

Мувофиқи маълумоти "Узгоскарантин", аз оғози соли 2018 бо сабаби ошкор намудани офот, воридкунии зиёда аз 70 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба қаламрави Узбакистон пешгирӣ шуда, 17 намуди маводи таҳти карантин қарордошта муайян гардид. Бо сабаби ошкор намудани ҳуҷайраҳои зараровар, воридкунии қариб 40 ҳазор тонна тухмии картошка аз кишварҳои Голландия, Қазоқистон ва Покистон, ҳамчунин 60 ҳазор ниҳоли чормағз аз Италия, манъ карда шуд.

"Дар Ҷумҳурии Узбакистон дидани чораҳои лозима дар робита ба таъмин ва такмили поксозии фитобеҳдоштӣ, ҳифзи қаламрави давлат аз ҳуҷайраҳои карантинӣ ва хатарноки зараровари дигар, дида мешвад. Хатарҳои гуногуни воридшавии онҳо бомуваффақият пешгирӣ ва бартараф карда шуда, навсозии ҳамаҷонибаи низом роҳандозӣ мешавад", — илова карданд дар "Узгоскарантин".