Мадина Ақназарова ва Ҳуҷаста Мирзовалӣ "Сабзинаранг"-ро дубора машҳур карданд

Ҳамсароии ду овозхони операи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гардида, корбарони интернет аз он гарм истиқбол карданд
Sputnik

Овозхонони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова ва Ҳуҷаста Мирзовалӣ таронаи "Сабзинаранг"-ро дубора машҳур кардаанд.

Мадина Ақназарова дар саҳифаи фейсбукиаш ин дуэташро бори аввал 28 май мунташир кард, ки боиси пешвози гарми корбарони интернет гардид.

"Сабзинаранг"-и Ҳуҷаста ва Мадина дар Ютуб 27 май мунташир гардида, то имрӯз аз он бештар аз 43 ҳазор нафар дидан кардаанд.

"Сабзинарг"-ро чанд ҳунарманди дигари тоҷик, аз ҷумла ҳунармандони маъруф Хурмо Ширинова ва Тиҷиддини Муҳиддин низ ҳамсароӣ кардаанд.

Ҳамчунин ин сурудро ҳунарманди афғон Воҳид Собирӣ низ сароидааст.