ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сандуқи рушди Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон сохтусози 11 дабиристонро таъмини молӣ мекунад, гузориш додааст ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи кумитаи давлатиии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон барои сохтусоз ва муҷаҳҳазсозии 11 дабиристон муноқиса эълом шуд, ки ин тарҳҳо аз ҳисоби эътибори СРЪАС амалӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки тавофуқномаи тарҳи "Сохтусоз ва муҷаҳҳазсозии якчанд дабиристон, марҳилаи 4" 16 майи соли 2017 дар шаҳри Ҷиддаи Ъарабистони Саъудӣ дар миёни ду кишвар имзо шуда буд.
Ҳадаф аз ин тарҳ беҳбуди вазъияти таҳсилот тавассути сохтусози дабиристонҳо дар манотиқи гуногун, аз ҷумла, Данғара, Кӯлоб, Вахш, Темурмалик, Дарвоз, Айнӣ, Ваҳдат ва Ховалинг мебошад.
Бо амали шудани ин тарҳ ниёзи бахши таҳсилот таъмин мегардад ва шумори донишҷӯён афзойиш меёбад.
СРЪАС барои тамвили ин тарҳ, ки дар соли 2023 поён хоҳад ёфт, 131, 250 000 риёли саъудӣ (35 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод.