Қирғизистон чор марзбони дастгиркардаашро ба Тоҷикистон бар гардонд

Марзбононе, ки аз ҷониби Қирғизистон пас аз ба ҳаво тир кушодан, боздошт шуда буданд, ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бар гардонида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон марзбонони Тоҷикистонро, ки барои тирпарронӣ боздошт карда буд, ба Тоҷикистон супорид. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии  Қирғизистон хабар медиҳад.

Баҳс байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон 4 июн дар қитъаи "Майдони футбол" сар зад.

Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон, далели баҳс  аз ҷониби марзбонони тоҷик риоя нагаштани талаботи  рафтори марзбонӣ гаштааст.

Гӯё марзбонони тоҷик иҷрои талаботҳои ҷониби Қирғизистонро рад карда, дағалона рафтор карда,  боиси ҷанҷол шуданд. Аз ҳамин сабаб марзбонони Қирғизистон онҳоро дастгир кардаанд.

"Бо ҷониби Тоҷикистон мулоқот анҷом додем ва суратмаҷлис тартиб додем, пасон марзбонони боздоштшуда ба Тоҷикистон бар гардонида шуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.