Шаҳрдории Душанбе ба роҳбарияти "Султони Кабир": хисороти молии тоҷиронро ҷуброн кунед

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ташкил карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе ба роҳбарияти бозори "Султони Кабир" дастур додааст, ки дар кӯтоҳтарин муддат хисороти молии тоҷирони бозорро ҷуброн кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад.

"Ба роҳбарияти ҶДММ "Султони Кабир" дастур дода шуд, ки дар асоси натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба соҳибкорони зарардида ҷиҳати ҷуброни хисороти расида тамоми чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намояд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Оташсӯзии бузург дар "Султони Кабир" мардумро хонасалот кард

Бино бар иттилои манбаъ, пас аз як рӯзи сӯхтор роҳбарияти шаҳрдорӣ бо роҳбарияти Маркази савдои "Султони Кабир" ва соҳибкорони бозори мазкур, ки бар асари сӯхтор зарар дидаанд, мулоқот намуданд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир" шоми 2 июн сар зад.

Бино бар иттилои расмӣ, сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 — ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд.