Кормандони гумруки Узбакистон қочоқи героинро аз Тоҷикистон пешгирӣ карданд

Ҳангоми тафтишоти гумрукии қатори боркашони Тоҷикистон дар Узбакистон қочоқи маводи мухаддир ошкор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Кормандони гумруки Узбакистон аз қатори боркашони  Тоҷикистон, ки ба воситаи кишвар мегузашт, 15 кг героин пайдо карданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон.

"Сиву якуми май ҳангоми тафтишоти гумрукӣ дар роҳи оҳани истгоҳи "Бекобод" аз қатори боркаши Тоҷикистон, ки ба воситаи Узбакистон мегузашт, 14, 92 кг героиин пайдо гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳумчунин кумита тавзеҳ додааст, ки маводи мухаддир ба селофани этиленӣ печонида шуда, дар чархҳои вагон пинҳон карда шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, бо далели қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба гуфтаи коршиносон қочоқбарони афғон маҳз марзи Тоҷикистон барои интиқоли маводи мухаддир ба хориҷа истифода мебаранд, ки бештар вақт аз ин амали ғайриқонунии онҳо пешгирӣ карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Кормандони гумруки гузаргоҳи "Панҷи поён" ду шаҳрванди Афғонистонро бо беш аз 5 кило маводи мухаддир  дастгир намуданд.

Марзбонони Тоҷикистон дар се моҳи аввали 2018 наздик ба ним тонна маводи мухаддир мусодира карданд.

"Марзбонони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар мақомотҳои қудратӣ аз январ то марти соли ҷорӣ 16 амалиёти махсус анҷом доданд",- иттилоъ додааст сардори хадамоти матбуоти марзбонони Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.