Сарнишине, ки ҳавопаймояш солҳои 80-ум дар Афғонистон сарнагун шуда буд, зинда будааст

Сарнишини русе, ки ҳавопаймои ҷангиаш солҳои 80-ум дар Афғонистон сарнагун шуда буд, пайдо шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Сарнишини рус, ки ҳавопаймои ҷангиаш дар Афғонистон сарнагун шуда ва худаш бе ному нишон гум шада буд зинда буда, дар ин кишвар зиндагӣ мекардааст, — иттилоъ додааст ба РИА Новости роҳбари иттиҳодияи десантҳои Русия, қаҳрамони Иттиҳоди шуравӣ генерал-сарҳанг Валерий Востронин.

"Сарнишини русро, ки солҳои 80-ум ҳавопаймои ӯ дар Афғонистон суқут карда буд, пайдо кардем. Ӯ то ҳол зинда будааст. Ин бисёр аҷиб аст. Ҳоло на танҳо кумаки молиявӣ лозим аст, балки  идоравӣ, кумаки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корҳои дипломатӣ лозим аст", тавзеҳ додааст Востротин.

Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

Вай ному насаби сарнишинро ба далели махфӣ будани маълумот нагуфтааст.   

Валерий Востронин ҳамчунин таъкид карда, ки ин масъаларо, бо намояндагони Афғонистон дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ дар маросими ҳамасолаи тақдими тӯҳфаву ҷоизаҳои "Бародарии ҷангӣ" — Battle brotherhood"   "Хоҳарони ҷангӣ" — Battle Sisterhood", ки ахиран дар вилояти назди Маскав баргузор шуд, баррасӣ кардааст.

Дар ҷараёни баргузории ин маросим, инчунин намоиши аксҳои беназир "Қаҳрамони миллат Иван Вишняков", машҳуртарин сарнишини шуравӣ, қаҳрамони иттиҳоди шуравӣ Иван Вишняков, ва инчунин "Китоби ёддоштҳо" дар бораи сарбозони шуравӣ, ки ҷони худро дар Афғонистон аз даст додаанд, пешниҳод шуда аст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои озод, аз соли 1979 то соли 1989 дар Афғонистон 125 ҳавопаймои ҷангии иттиҳоди шуравӣ сарнагун карда шудааст. Қаблан хабар дода шуд, ки дар Приморе шикаступораҳои ҳавопаймои ҷангии ЛаГГ-3, ки соли 1945 гум шуда буд, пайдо шудааст.

Сарнишини ҳавопаймои мазкур Степан Голик 28 июни соли 1945, ҳангоми бозгашт аз тамрин ба майдони ҳавоӣ, суқут кардааст. Он замон ҷасади сарнишин пайдо шуда ба хок супурда шуд, вале ҳавопаймоаш пайдо нашуда буд. Барои пайдо кардани ҳавопаймои мазкур, иштироккунандагони экспедитсия беш аз 500 километр роҳро тай карданд.   

Ин дар ҳолест, ки корҳои ҷустуҷуиро сӯхтори  ҷангалҳо мушкил мекард. Дар ҷойи суқути ҳавопаймо гурӯҳи ҷустуҷӯён барои сарнишин лавҳаи хотиравӣ гузоштанд. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар вилояти Каленингради Русия ҷасади ду сарнишини иттиҳоди шӯравӣ ба хок супурда шуд.

Беш аз 72 сол ду сарнишин Петр Тарасов ва Василий Дмитриенко бе ному нишон гум шуда буданд. Имрӯз онҳоро дар як маросим бо қоидаҳои афсарӣ ба хок супурданд.