Дар Узбакистон модару писаре падари хонаводаро куштанд

Дар Тошканд дар пайи муноқишаи оилавӣ падаре аз дасти писар ва ҳамсараш кушта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Дар Тошканд ҳангоми ҷанҷоли хонаводагӣ модар ва писар ба марди хонавода дарафтоданд.

Бино бар иттилои расонаҳои Узбакистон, ҳодиса дар яке аз ноҳияҳои Тошканд рух додааст.

"Аввал зану шавҳар муноқиша кардаанд. Ба хархаша писари онҳо ҳамроҳ шуда, бо модар гулӯи падарашро бо арғамчин буғӣ кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳоло муттаҳамон дастгир шудаанд.

Пештар дар бораи кушта шудани падар аз дасти писар дар шаҳри Ваҳдат хабар дода шуда буд.

Шоми 25 май писар дар пайи муноқишавии оилавӣ падарашро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Нисбати ин қазия тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.