Бештар-беҳтар: Русия гуфт, ки имсол ба Тоҷикистон чанд омӯзгор мефиристад

Русия ба Тоҷикистон то якуми сентябр боз 30 омӯзгори забони русӣ равон мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Роҳбари ожонси "Россотрудничества" Элеонора Митрофанова хабар дод, ки имсол Русия ба Тоҷикистон чанд омӯзгори дигар равон хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои ҳамсуд ба хусус Тоҷикистон, талабот ба омӯзгори забони русӣ зиёд аст. Русия барои соли хониши 2018-2019 ба Тоҷикистон 30 омӯзгори дигар равон мекунад.

Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад

Митрофанова афзудааст, Узбакистон ва Туркаманистон ҳам аз Русия хостори фиристодани омӯзгорони забони русӣ шудаанд.

Соли гузашта Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгори забони русӣ равон карда будАз онҳо 8 нафарашон ба Русия баргаштанд, вале дар маҷмӯъ барои аксарияти омӯзгорон шароит ва кор дар ҷумҳурӣ писанд омад.       

Омӯзгорон гуфтаанд,  барои бархе аз онҳо  одат кардан ба ҷой ва иқлими нав мушкил буд, вале хушбахтона ҳамааш ба хуби анҷом ёфт.

Муаллимони рус ҳамчунин ба забономӯзии мактаббаччагони тоҷик баҳои баланд дода, афзудаанд, мардуми тоҷик ба забони русӣ хуб ҳарф мезанад.

Дар Тоҷикистон 5 мактаби нав бунёд хоҳад шуд, ки таҳсмил дар он пурра ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад.