Дар Душанбе маркази хизматрасонии техникии нақлиёти ҷамъиятӣ ифтитоҳ шуд

Дар маросими кушодани "Сити Сервис" раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ иштирок дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Имрӯз бо иштироки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтхат Маркази хизматрасонии техникӣ "Сити Сервис ЛТД" ба фаъолият оғоз кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, ҶДММ "Сити Сервис ЛТД" бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасонии кафолатӣ тибқи шартнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркии "Улашим" таъсис дода шуда, фаъолияти он ба пешниҳоди хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва боркаш равона гардидааст.

"Ширкати мазкур дар давоми як сол бо дарназардошти муҳлати кафолатӣ ба автобусҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ширкати "Акиа" харидорӣ гардидаанд, хизматрасониро пешниҳод менамояд,- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қатъи ҳаракати нақлиёт ва оғози бунёди роҳи сеқабата дар Душанбе

Даркорхона ҳамзамон бригадаи сайёр ташкил карда шудааст, ки тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи муҷаҳҳаз  дар дилхоҳ вақт ва мавзеъ хизматрасонии сайёрро пешниҳод мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Ҳукумати шаҳри тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бо қарори раиси шаҳр чанд масъули Ҳукумат барканор ва чанди дигар симатҳои нав таъин шудаанд.

Мувофиқи қарори № 373 аз 24 май Саидзода Қурбон Тағай бо хоҳиши худ аз мансабаш озод гардад. Ба ҷойи ӯ бо як қарори дигари шаҳрдор Саидзода Фирдавс Ҳамро ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъин гардид.

Пештар Саидзода симати директори Муассисаи давлатии коммуналии  "Душанбенақлиётхадамотрасон"-и шаҳри  Душанберо бар ӯҳда доштааст.

Бо як қарори дигари Рустам Эмомалӣ Давлатов Ҷумахон Бегович муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон"-и шаҳри Душанбе таъин карда шуд.