Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон санги асос гузошт

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти нави Донишкадаи ислмоми Тоҷикистон санги асос гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

 Бино бар иттилои манбаъ,иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.

"Зимни муаррифии лоиҳа ба сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати "Масҷиди калон", ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.