Офтобӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 29 май, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи офтобӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзаи салқин: ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +1 + 6 ва рӯзона +7 +12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. 

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +29 +31 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.