ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирокдорони шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русияро шодбош намуда, таъкид намуд, ки ҳамоиши мазкур гуфтугӯи ошкорро дар масъалаҳои муҳими имрӯза таъмин менамояд.
Паёми раисҷумҳур дар ин бора дар вебгоҳи Кремл мунташир шудааст.
"Солҳои қаблӣ ҳамоиш куллан аҳамияташро тасдиқ намуд. Конфронси байниминтақавӣ намояндагони мақомотҳои иҷроия ва қонунгузор, соҳибкорон ва мутахассисони ҷамъиятии ду кишварро муттаҳид намуда, имкон медиҳад, ки онҳо дар бораи масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ ошкор гуфтугӯ кунанд", — таъкид намудааст раисҷумҳур.
Инчунин Путин таъкид кард, ки дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия тамоюли мусбӣ дида мешавад. Аз ҷумҳа ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар рушд мекунанд.