Фармоиши нави раисҷумҳур: таъсиси Комиссия барои баргузории озмун

Дар Тоҷикистон барои баргузории озмун доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи "Истиқлолият" Комиссия таъсис дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоиш додааст, ки барои баргузории озмун доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи "Истиқлолият" Комиссияи байниидоравӣ ташкил карда шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар озмун шахсони воқеиву ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд.

Раисҷумҳур ба Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" санги асос гузошт

Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.

Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.

Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди "Барои озмун" бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии info@tajsohtmon.tj пешниҳод намоянд.