ДУШАНБЕ, 25 май- Sputnik. Ба гуфтаи хабарнигор роҳи аввал ба фоидаи Эрон хоҳад буд. Моҳияти масъала ин аст, ки Урупо равобити иқтисодӣ ва тиҷории худро бо Эрон, новобаста аз таҳдидҳои Амрико ҳифз мекунад.
Ин роҳ барои Теҳрон қобили қабул аст, чунки равобити тиҷории Эрону Амрико онқадар зиёд нест ва Теҳрон аз ин зиёни зиёд намебинад.
"Роҳи дуюм — Урупо бо Амрико розӣ мешавад. Ин барои Теҳрон қобили қабул нест, дар он сурат Эрон ҳам аз шартномаи ҳастаи мебарояд ва барномаи ғанисозии урониуми худро идома медиҳад. Ин бисёр хатари зиёд дорад ва метавонад ба ҷанги Исроилу Эрон табдил ёбад", — гуфт Ҷумъа дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп 8 майи соли ҷорӣ дар бораи ихроҷи кишвараш аз созишномаи байналмилалии ҳастаи бо Эрон эълон кард.
Вай фармон дод ҳарчӣ зудатр таҳримҳоои иқтисодӣ бар зидди Эрон дубора барқарор шаванд. Трамп Теҳронро ба ғанисозии урониюм ва сохтани силоҳи ҳастаӣ айбдор намуд. Вай афзуд новобаста аз шартнома имзошуда Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ даст задааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Амрико тасмими худро баъд аз эълони Исроил дар бораи доштани далел, ки гӯё Эрон ба ғанисозии урониюм идома додааст, сурат гирифт.