Шаповалов: масдуд кардани дилхоҳ торномаи хабарӣ хандаовар аст

Масдуд кардани ОИБ "Россия сегодня" ва ОИР "Новости Украина"-ро ҳамчун ворид сохтани сензураи давлатӣ дар иттилоот метавон арзёбӣ намуд, ки ин дар шароити асри XXI хандаовар аст, мегӯяд таҳлилгари сиёсӣ Борис Шаповалов
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май- Sputnik. Раисҷумҳури Украина Петр Порошенко варианти нави санади таҳримҳоро тасдиқ кард, ки ба он ОИБ "Россия сегодня" ва ОИР "Новости Украина", инчунин сайтҳои дигари иттилоотӣ ворид шудаанд.

Шаповалов: это смешно блокировать любые интернет-ресурсы

Ба провайдерҳои украинӣ дастур додаанд то дастрасӣ ба захираҳои зерро масдуд кунанд:

  • "Россиясегодня.рф"
  • "Sputniknews.com"
  • "Ria.ru"
  • "Rsport.ria.ru"
  • "1prime.ru"
  • "Realty.ria.ru"

   • "rian.com.ua"

Тибқи тасмими раисҷумҳури Украина, оҷонсиҳои иттилоотӣ масдуд карда мешаванд. Ҳамчунин ба оҷонсиҳо хадамоти телекоммуникатсиониро қатъ гардонида, онҳоро аз шабакаҳои истифодаи умум ҷудо месозанд.

Ҳар гуна маҳдудияти озодии иттилоот ҳамеша ғайридемократӣ аст. Чунин аъмол ба натиҷаҳои мусбӣ намеоварад ва танҳо дар байни кишвар ва халқҳо мушкил эҷод мекунад, таъкид намуд муаррих, доктори фалсафа Борис Шаповалов.

"Ин хандаовар аст, ки захоири иттилоотӣ ва каналҳои телевизионии алоҳидаро масдуд кард, зеро дар ҳар сурат маълумотро аз дигар манбаъҳо дастрас кардан мумкин аст, охир мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем. Ба назари ман, чунин амалҳо ба сензураи давлатӣ монанд аст", — шарҳ дод мусоҳиби мо дар суҳбат бо  Sputnik Молдова сиёсатшинос Борис Шаповалов.