Парлумон созишномаи алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров як қатор масъалаҳоро баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла, Созишнома байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилиро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад равобити Маҷлиси намояндагон.

Ҳамчунин дар иҷлосия Созишномаи Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Салом Хуҷанд: нахустин автобус аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба роҳ баромад

Дар баробари ин тарҳи қонун "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон", лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ шудааст.

Вакилони тоҷик имрӯз ҳамчунин, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ оид ба лоиҳаи "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа" (ЛДКҶ), Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар анҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардидааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Созишнома байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи алоқаи автомобилии ва ҳавоӣ зимни сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуд.