Поставнин: бумиёни ИҶШС дар Русия қонунӣ хоҳанд шуд

Тасмим дар бораи додани мақоми махсус ба шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хеле муҳим аст, ҳарчанд дер шуда бошад, таъкид кард мудири бунёди “Мӯҳоҷирати асри ХХI” Вячеслав Поставнин
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik.  Дар Русия ба нақша гирифтаанд, ки ба ашхоси бе шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои нав диҳанд. Ба ин гурӯҳ бумиёни собиқ ИҶШС, ки дар Русия беш аз 15 сол зиндагӣ карда бошанд, маҳбусони озодшуда ва ҳамчунин онҳое, ки дар тифлӣ ба Русия кӯчидаанду, ҳеҷ гоҳ соҳиби шиносномаҳои русӣ нагаштаанд, шомил мешаванд.

Шаҳодатномаҳои нав имкон медиҳад, ки шахсони бе шаҳрвандӣ дар Русия қонунан зиндагӣ кунанд.

Мақоми нав барои шахсони бешаҳрвандӣ бо мӯҳлати 10 сол баъдтар ба эътибор гирифта мешавад, мегӯяд Вячеслав Поставнин, мудири бунёди "Мӯҳоҷирати асри XXI".

Ба гуфтаи ӯ, шаҳодатномаро кайҳо боз ворид кардан лозим буд. Санад ба муҳоҷирони корӣ тааллуқ дорад, ки ким-кадом вақтҳо ба Русия аз собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ омада буданду, бо як қатор сабабҳо аз гирифтани шаҳрвандии кишвари мо, маҳрум шудаанд.  

"Соли 2007 тафтишоти мунтазами одамоне, ки пас аз соли 1992 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, шурӯъ шуд. Онҳо аз ҷумҳуриҳои бародарии мо бо сабабҳои гуногун баргаштааанд, асосан русҳоянд. Сипас маълум шуд, ки асноди бисёре аз онҳо нодуруст пур карда шудааст — бо гуноҳи эшон ё бо айби Хадамоти муҳоҷирати федеролӣ", — ба ёд меорад Поставнин дар мусоҳиба бо радиои Sputnik.

Гирифтани иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон мушкилтар шудааст

Дар он лаҳза намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фикр намекарданд, ки ин одамон кадом мақомро ба даст хоҳанд овард.

"Ва чунин шуд, ки шаҳрвандии Русияро ҳатто оилаҳо аз даст доданд. Онҳо дар он замон наметавонистанд, баргарданд, охир эшон дигар шаҳрвандони Қазоқистон, Узбакистон ё Тоҷикистон набуданд. Ва 10 сол лозим буд, ки ин қонунро қабул намоянд", — шарҳ дод ӯ.

Рақами дақиқ вуҷуд надорад, ки чанд нафар бе ҳуҷҷатҳои расмӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, вале ҳоло онҳо метавонанд аз зери сояҳо берун оянд ва тибқи қонун дар кишвар зиндагӣ кунанд.

Пеш аз ҳама, қонун ба онҳое, ки аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шудаанд ё мақоми онҳоро эътироф намекунанд, тааллуқ дорад, зеро шаҳрвандӣ ба таври ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст. Гурӯҳи дуюми вижа — русҳои бумиеанд, ки бо сабабҳои гуногун натавонистаанд шаҳрвандӣ гиранд — хабарнома ё асноди дигар нарасидааст.

"Аз ҳар мавқеияте, ки ба мардум имкони дар заминаи ҳуқуқӣ қарор гирифтанро медиҳад, ман розӣ ҳастам", — хулосагирӣ мекунад коршинос.

Лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби ВКД ФР таҳия шудааст, "додани ҳуҷҷати нав ба ашхоси бе шаҳрвандӣ"-ро пешбинӣ мекунад. Шиносномаи шахсӣ ба одамони бемавқеият имкон медиҳад то баъдан барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Русия, муроҷиат кунанд.