Хуршед Сатторов пироҳанҳои навашро дар Бухоро намоиш медиҳад

Тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов духтарони Бухороро бо пироҳанҳои нав дар тааҷҷуб гузоштанист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов либосҳои нави худро дар ҷашнвораи "Абрешим ва пироҳан" дар Узбакистон намоиш медиҳад, хабар додааст тарроҳ дар саҳифаи Instagram-и худ.

Ин ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзҳои 26-27 май дар сохтмони машҳури Лаби-ҳавзи Бухоро баргузор мешавад.

Ин бор Хуршед Сатторов 15 навъи нави пироҳани тоҷикиро пешниҳоди ҳаводоронаш хоҳад кард. Миёни ин пироҳанҳо куртаҳои чакан ва намуди пироҳанҳои помирӣ низ ҳаст.

 

"Чунин навъи пироҳанҳо дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Узбакистон нестанд. Агар чаканро гирем, дар ин навъи пироҳан дар рӯи як матоъи сурх аз ҳафт ранг нақш офарида мешавад", — қайд мекунад Сатторов.

Ба гуфти ибтикорони ин ҷашнвора дар барнома тарроҳони Узбакистон низ ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Сатторов дар остонаи Рӯзи модарон-8 март пироҳанҳои худро таҳти унвони "Баҳор" пешкаш карда буд.

Он замон намояндагони Эрон, Чин, Русия, Украина, Фаронса ва ИМА ба дидани пироҳанҳои тарроҳи тоҷик омада буданд.