Гузориши аксӣ аз ифтори тоҷикон дар "Хаймаи Рамазон"-и Маскав

Sputnik

Дар "Хаймаи Рамазон"-и Маскав Рӯзи Тоҷикистон баргузор шуд

Садҳо тоҷикони рӯзадор дар "Хаймаи Рамазон" барои адои намоз, шунидани амри маъруф ва кушодани рӯза дар назди масҷиди Ҷомеъи Маскав ҷамъ шуданд.

Намоз ва мадҳия: навори ифтори тоҷикон дар "Хаймаи Рамазон"-и Маскав

Пеш аз оғози ифтор намояндагони муфтиёти Маскав аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоду иҷтимои Русия сухан гуфта, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳоие мисли "Хаймаи Рамазон"-чун иттиҳоди мусалмонон ва якдиливу бародарӣ гуфтанд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини муфтии Русия саҳми тоҷиконро дар зиндагии иқтисодии Маскав таъкид намуд.

"Бидуни бародарони тоҷик зиндагӣ дар Маскав ғайри имкон аст. Қаблан ҳамаи корҳо мушкил бар гардани мардуми дигар миллатҳо буд. Вале имрӯз масъулияти иҷтимоииву иқтисодӣ бар шонаҳои бародарони тоҷики мо гузошта шудааст. Ман аз шумо сипосгузорам" — сипосгузорӣ кард меҳмононро Марат.

1 / 11
Шом бо суханони ифтитоҳии муовини муфтии Маскав Марат Алимов оғоз шуд.
2 / 11
Ихтиёриён барои ҷо ба ҷо кардани меҳмонон кӯмак мекунанд.
3 / 11
Намояндагони созмони ҷамъиятии "Нур" ҳам дар "Хаймаи Рамазон" ширкат карданд.
4 / 11
Ва онҳо пеш аз оғози амри маъруф ва ифтор чанд мадҳияеро сароиданд.
5 / 11
Лаҳза ба лаҳза шумораи меҳмонон меафзояд ва пас аз чанде ҳама ҷо пур мешавад.
6 / 11
Замони ифтор фаро мерасад ва мусулмонони Маскав даст ба дуо мебардоранд.
7 / 11
Пас аз хондани дуои ифтор рӯзадорон ба истеъмоли хӯроки сабук-об, мева ва сабзавот оғоз мекунанд.
8 / 11
Пас аз ифтор намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои меҳмонон викторина баргузор карда аз маконҳои фарҳангии Тоҷикистон суолҳо доданд.
9 / 11
Мардум дар викторина фаъолона ширкат мекунанд ва ҳама ҷоро фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ фаро мегирад.
10 / 11
Ифтори тоҷикон дар "Хаймаи Рамазон"-и Маскав.
11 / 11
Замоне, ки аксари мардум дар дохили "Хаймаи Рамазон" буданд, қисми дигаре бо умеди дидори дигар барои омодагӣ ба рӯзи нав ба хонаҳояшон мешитобанд.