ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон бо нашри баёнияе дар равобити умумии Кумитаи дин, Эронро дӯсти дурӯя хонда ба ноором кардани вазъи дохилии Тоҷикистон муттаҳам кард.
Дар баёнияи Шӯрои уламо аз ҷумла гуфта шудааст, ки "аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои олам робитаҳои дӯстона барқарор намуда, муносибатҳои худро вусъату густариш дод. Чунки мо тоҷикон ҳамеша дар ҷустуҷӯи дӯстон ҳастем, табиатан мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки ҳатто бо рақибони худ бо меҳру муҳаббат, садоқату лабханд муносибат дошта бошанд.
Аз ҷумла, байни Тоҷикистону Эрон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва мо ҳамеша мегӯем, ки як сарзамини таърихӣ ва фарҳанги муштарак дорем.
Илова бар ин, дар гузашта ва имрӯз мо бо нобиғаҳои ин кишвар амсоли Ғазолию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ифтихор дорем ва ин бузургворонро аҷдоди умумии хеш мепиндорем.
Пешрафти дӯстро пешрафти хеш донистан ва дар рафъи мушкили дӯст саҳм гирифтан ойини деринаи тамаддуни форсии тоҷикист. Аммо мушкил ин аст, ки дар ин дунёи ҳар замон тағйирёбанда ва хеле ҳассос баъзан дӯстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд. Дӯстӣ якрӯӣ ва поктинатиро мепазирад ва дар муқобилаш мунофиқӣ ва дурӯӣ қарор дорад, ҳамон гунае, ки бад дар муқобили нек ва зулмот дар муқобили рӯшноист".
Баъд аз пахши наворҳо дар шабакаҳои телевизионӣ инсон ба чунин хулоса меояд, ки на ҳар нафаре шоистаи дӯстӣ аст. Ҳамаи ин воқеот ба сурати филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд, ки онро тамоми мардуми Тоҷикистон тамошо карданд ва андешаҳои худро нисбати он иброз доштанд.
Муҳтаво ва хулосаи филм бо далелу аснод собит менамуд, ки кишвари «дӯст»-и Эрон дар паси парда чӣ корҳое нисбат ба кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ анҷом додааст. Чи гуна аз ҷониби ин кишвари ба ном дӯст шаҳрвандони Тоҷикистон бо маблағҳои ҳангуфти ин кишвар маблағгузорӣ шуда, вазифаҳо ва супоришҳои кишвари Эронро анҷом медодаанд.
Даст ба террор зада, тавре ки худи қотилон ба ин эътироф карданд, чӣ қадар нобиғаҳои ин миллат аз қабили Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо тани дигарро аз байн бурдаанд.
Бархе дигарашон ҳамчун Муҳиддин Кабирӣ ва баъзе афроди сатҳи пасти динӣ дошта хизматҳои хирсона анҷом додаанд. Чунки худро ҳомии манфиатҳои миллату кишвар вонамуд мекунанд, ҷавонони содалавҳро ба сӯи худ мекашанд, тариқи телевизионҳои хориҷии ғаразнок ва сомонаҳои интернетии зархарид баромад намуда, худро сарсупурдагони роҳи ҳақ ва мазлум нишон медиҳанд, сиёсати пешгирифтаи давлатро мавриди интиқод қарор медиҳанд.
Ин ҷо суоле пеш меояд, ки Эрон дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани чанд кишвари ҷангзада ба мисли Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад, аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад.
Мо яқинан медонем, ки агар Эрон андаке суд ва манфиат бинад, дар ноором кардани ҳар минтақае нақш мебозад ва сипас корро ба дасти душманони ислому муслимин вогузор хоҳад кард".
Кишвари Эрон, ба хусус сарони ин кишвар дар баробари муносибати беғаразонаи мо бояд андешаи некбинона дошта бошанд. Робитаи дӯстӣ бо ҳар кишвар новобаста аз эътиқоду фарҳангашон бояд дар сатҳи олии инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад. Чунки инсон дорои ақлу хирад ва ҳушу идрок аст, бояд аз ақлу хиради хеш кор гирад, на ин ки роҳи бадхоҳӣ ва адовату душманӣ паймояд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мардуми Душанбе дар назди сафорати Эрон тазоҳурот карданд. Вале ҷониби Эрон ба ин гирдиҳамоӣ вокунише нишон надод.