Дар ВМКБ 72 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд

Миқдори умумии маводи мухаддири аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодирашуда 72 кг, 705 граммро ташкил дода, аз ҷумла 1 кг 15 грамм ҳероин, 69 кг, 930 грамм ҳашиш ва 1 кг 760 грамм бангдона будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон 72 кило маводи мухаддир маҳв карда шуд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ.

Рӯзи 17 майи соли 2018 дар бухории махсус дар асоси қарорҳои додгоҳи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар бинои Раёсати Агентии назорати маводи нашаъовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ, маводи мухадире, ки аз тарафи кормандони РВКД дар ВМКБ дар ҳудуди вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира карда шуданд, дар оташ сӯзонида шудааст.

Боздошти ду сокини шаҳри Хоруғ бо 50 кило ҳероин

Нобудкунии маводи мухаддир дар ҳузури комиссияи доимоамалкунандаи РВКД дар ВМКБ бо роҳбарии муовини сардори Раёсати мазкурТолеъзода Аъзам, Суди шаҳри Хоруғ, Прокуратураи вилоят, намояндаи Раёсати Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди раисҷумҳур сурат гирифтааст.

"Миқдори умумии маводи мухаддири аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардида 72 кг, 705 граммро ташкил дода, аз ҷумла маводи сахттаъсири навъи ҳероин 1 кг 15 грамм, маводи мухаддири ҳашиш 69 кг, 930 грамм ва маводи мухаддири бангдона 1 кг 760 граммро ташкил медод", — омадааст дар хабарнома.

Уничтожение наркотиков в ГБАО, архивное фото

Дар ин росто, кормандони РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар мубориза бо ин вабои аср саҳми арзандаи хешро гузоранд.