Аҳмадзода ба Бонки ҷаҳонӣ: роҳи Хуҷанд-Исфараро ба сифати баланд созед

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточӣ дидору мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар самти роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, обрасонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун гардидаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ин мулоқот гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ба таъмиру таҷдиди роҳҳо, махсусан роҳҳои аҳмияти байналмилалидошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таҷдиду навсозии шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара, ки бо саҳмгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷараён дорад, ба намояндагони Бонк гуфтааст, ки сатҳу сифати корҳои роҳсозӣ бояд мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шавад.

Чин дар Суғд корхонаи бузурги истихроҷи канданиҳои фоиданок бунёд мекунад

Роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи доир ба рафти навсозии шоҳроҳи Хуҷанд — Исфара маълумот дода гуфтааст, ки корҳои роҳсозӣ зери назорати қатъии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ қарор дорад.

Кардула Расточи таъкид кардааст, ки дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд аз минтақаҳое, ки дар он таҷдиду навсозии роҳ идома дорад, боздид намуда, барои вусъат бахшидани корҳо мусоидат хоҳад кард.