Даниел Рустамов: ҳадафи ман дар зиндагӣ— муаррифии Тоҷикистон дар хориҷа аст

Овозхони ҷавон Даниел Рустамов роҷеъ ба эстрадаи русӣ ва кӯмаки забони англисӣ барои тарвиҷи фарҳанги тоҷик нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Моҳи августи соли равон дар озмуни Discover Silk Road St — "Дарёфти ситораи Роҳи абрешим", ки дар шаҳри Батумии ҷумҳурии Гурҷистон мегузарад, Тоҷикистонро овозхони ҷавон Даниел Рустамов муррифӣ хоҳад кард.

Вай яке аз камтарин ҷавонони овозхон аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар хориҷа, аз ҷумла дар саҳнаи Русия муаррифӣ мекунад.

Sputnik Тоҷикистон бо Даниел Рустамов дар бораи эҷодиёт ва ширкат дар тарҳи нав сӯҳбат кард.

- Чӣ тавр Шумо ба ҷашнвораи "Дарёфти ситораи Роҳи абрешим" роҳ ёфтед?

Ҳунарнамоии Даниел Рустамов дар озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ

— Ман дар бораи озмун аз продюсер Фирӯз Ҳакимов, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунаду, хеле шахсияти машҳур аст, фаҳмидам.

Довталабе лозим буд то Тоҷикистонро бомувофаққият муаррифӣ кунад ва интихоб бар рӯи исми ман афтод. Ман фаҳмидам, ки ҷашнвора дар Батуми баргузор мегардаду, шиносҳои нав ҳам пайдо мешаванд. Дар ин ҷода аз ман талаб мешавад, ки 5 сурудро иҷро кунам.

— Ин таҷрибаи аввалини ширкати Шумо дар озмунҳои мусиқӣ нест, дуруст?

— Бале, лоиҳаи охирини муҳиме, ки ман дар он иштирок кардам, намоиши "Суруд" дар канали ТНТ буд. Дар бораи он аз куҷое дӯстам фаҳмида буду, ба ман гуфт. Ман ҳам фавран ба озмун баромадамро пешниҳод кардам.

Ман танҳо чор маротиба дар ин озмун суруд иҷро кардам, марҳалаи дигари озмунро нагузаштам. Аммо ин як таҷрибаи бебаҳо ва имконияти ниҳоят хубе барои муаррифии Тоҷикистон дар саҳнаи Русия буд.

— Бо Тимати мулоқот кардед?

— Не, чунин набуд, ки мо мисли ду ошно сӯҳбати дӯстона карда бошем.

Даниел Рустамов бо овозаш Тимати, Фадеев ва Брежневаро шигифтзада кард

Аммо ман ба Тимати ҳамчун овозхон писанд омадам, вай баромади маро бисёр шарҳу тавсиф карда буд, гарчанде ки аксарияти онҳо дар паси парда монданд.

— Вақтҳои охир дар бисёр озмунҳои мусиқии Русия маҳз Шумо Тоҷикистонро муаррифӣ мекунед. Сабаби ин дар чист?

— Ҳанӯз замони кӯдакӣ волидайнам бисёр кӯшиш карда буданд, ки ман забони англисиро хуб аз худ кунам, ки сипас он барои ман дарҳои зиёдеро боз кард. Баъдан ман худамро дар овозхонӣ нишон додам ва он вақт фаҳмидам, ки ман бояд ватани азизу афсонавии худро дар саҳнаҳои хориҷи кишвар муаррифӣ намоям.

Метавон гуфт, ки ин ҳадафи зиндагии ман — ошно кардани одамон бо Тоҷикистон аст, нишон додани таърихи бой ва фарҳанги бузурги он, ки ба ҷаҳониён олимону шоирон, нрависандагону файласуфҳои беҳамторо додааст.

 

Ва боз мехоҳам, ки Тоҷикистонро дар Русия ба симои нав бишносанд, зеро дар ин ҷо роҷеъ ба тоҷикон стереотипҳои устувори нодуруст ба вуҷуд омадаанд, масалан, мардуми Тоҷикистон — ин қувваи кории сиёҳанду халос.

— Пас чаро шумо мехоҳед маҳз ба забони англисӣ суруд хонед, на ба тоҷикӣ?

— Умуман, албатта, ман ба забони тоҷикӣ суруд мехонам, аммо ин дар саҳнаи бузург ҳанӯз ба ман даст надодааст. Ҳоло ман каме стратегияи дигар дорам: "паррондан", одамонро ба тааҷҷуб овардан, вале дар он шакле, ки онҳо одат кардаанд, чизе, ки ба онҳо наздиктар аст.

Аз ҳама асосияш — аввалин таассурот ва шиносоӣ аст.

Вале агар ягон чизи аслӣ лозим шавад, ман бо камоли мамнуният ба забони модариям — тоҷикӣ — месароям.

 

— Дар омади гап, роҷеъ ба овозхонони тоҷик, оё Шумо баромадҳои Меҳрона Ғайбуллоеваро дар озмӯни "Ту беҳтаринӣ!" тамошо кардед?

— Табъан, ҳарчанд ман ба омодасозии намоиш банд будам, вақти зиёд надоштам, вале баромадҳои аввалини ӯро дидам ва мехоҳам гӯям, ки Меҳрона бисёр духтари боистеъдод ва мусбӣ аст, инро метавонед аз баромадҳои вай зуд пай бурд. Ӯ дорои маълумоти савтӣ ва шунавоии хуб аст. Агар Меҳрона ба таври дақиқ ҳадафҳояшро муайян кунад, вай метавонад бисёр чизҳоро ба даст орад.

Ман сазоворам: Меҳрона Ғайбуллоева озмунро тарк мекунад. Навор

Умуман, ин хеле хурсандиовар аст, ки дар саҳнаи Русия одамони нав аз Тоҷикистон пайдо мешаванд, ки ҷумҳуриро дар озмунҳои мухталиф намояндагӣ мекунанд.

Ва ман мехостам, ки ба Мехрона алоҳида хотиррасон кунам: ҳатто агар ту дар ҷое ноком шавӣ, набояд умедро аз даст диҳӣ, лозим аст, ки пеш равӣ, зеро ғолибан бохт ба одам таҷриба медиҳаду, туро баланд мебардорад. Ҷасуртар бошу, кишвари азизи худро муаррифӣ намо.

— Оё Тоҷикистон ба Шумо мутақобилан пардохт мекунад, дастгирии ҳамшаҳриҳоро эҳсос мекунед?

 

— Албатта! Мардум суханони хурсандиовару мувофиқатангез менависанд, бо таваҷҷӯҳ чунин лоиаҳоро пайгирӣ мекунанд. Ин тавр дастгирӣ наметавонад, ки шахсро илҳом набахшад.

— Ба ғайр аз дастгирии маънавӣ, дастгирии моддӣ низ ҳаст? Оё касе ба Шумо дар "тоб додан" кӯмак мекунад?

— Не, ман кӯшиш мекунам, ки худам пеш равам. Ҳарчанд дар ин ҷо як истисно ҳам ҳаст — продюсер Фирӯз Ҳакимов. Ҳамааш аз наворҳои кӯтоҳмуддат дар Instagram оғоз ёфта буд, ки бо шарофати онҳо аввалин баромади бузурги ман баргузор гардид.

Он гоҳ номи саҳнавии ман пайдо шуд. Дар асл исми ман дигар аст — Бергалиев Даниэл Рустамович. Аммо ман онро каме иваз намудам, ба хотири шарафи падарам.

Аммо аз ҷиҳати молиявӣ, иштирок дар намоишҳо ҳанӯз ба ман ҳеҷ гуна маблағ намеорад. Вале бо кумаки мушахассоти савтиям, ман даромад меёбам, баъзан дар тӯйҳо баромад мекунаму, баъзан дар Чайхонаи №1.

— Шумо дар ояндаи наздик чиро ноил шудан мехоҳед?

— Вақте ки ман ба Русия омадам, дар назди худ мақсад гузошта будам — ҳадди аққал як бор дар як сол бояд вориди ягон озмун шавам. Соли аввал — дар "X-фактор", дуюм — дар Боку, сеюм — дар "Суруд"-и ТНТ.

Ва акнун ман мехоҳам, ки дар лоиҳаи "Садо" ё шабеҳи хориҷии он, ширкат намоям.