Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 21 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки боронӣ боқӣ монда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +18 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Барф меборад: рӯзҳои истироҳат ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо шабона боридани барф пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +24 +26 дараҷа ва шабона +9+11 дараҷа гарм хоҳад шуд.