Ҳунарпешаи қазоқ соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи Кан шуд

Самал Еслямова ҳангоми гирифтани ҷоиза гуфт, ки ин беҳтарин рухдод дар зиндагиаш буд ва коргардон Сергей Двортсевойро миннатдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Самал Еслямова, ҳунарпешаи қазоқ, ҷоизаи беҳтарин нақши занро дар филми "Айка" дар ҷашнвораи имсолаи Кан дарёфт кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

"Ин рухдоди бузурге дар зиндагиям ҳаст. Сергей (Двортсевой) ташаккури зиёд!",- гуфт Еслямова зимни гирифтани ҷоиза.

Ҷоизаи филми "Мушкилкушо" дар Дакка

Филми "Айка"-фоҷиаи иҷтимоие мебошад, ки коргардон онро дар давоми шаш сол ба навор гирифтааст. Самал дар ин филм нақши як модари муҷарради бекорро бозӣ кардааст, ки аз Осиёи Марказӣ ба Маскав рафта, дар саргардонӣ ба сар мебарад.

Ҷашнвораи Кан аз 8 то 19 май дар Фаронса баргузор шуд.

Ҷашнвораи синамои Кан ҳамасола дар шаҳри Кан баргузор мешавад. Ин яке аз бонуфузтарин ва қадимтарин ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар соҳаи синамо мебошад.

Ин ҷашнвора соли 1939 таъсис шудаву бори аввал соли 1946 баргузор шудааст.