Навори рақси мурғи Нетаняҳу бо барандаи Евровидения-Нетта

Барандаи Евровидения Нетта Барзилай меҳмони нухустваризи Исроил ва ҳамсари Бенёмин Нетаняҳу шуду ҳамроҳи нахуствазир рақс кард
Sputnik

"Нетта Барзилайро дар Байтулмуқаддас ҳамин тавр пешвоз мегиранд! Нетта мо ҳама туро дӯст медорем. Ту ба кишвари мо ифтихори зиёд овардӣ!" — навиштааст Нетаняҳу дар Facebook ва қисме аз навори рақсашро ҳам мунташир кардааст.

Барандаи “Евровидение-2018” овозхон аз Исроил шуд

Нетта ба нахуствазир ва ҳамсари ӯ Сара оби дандон "мурғ" дар чубак тақдим кард.

Сипас овозхон ҳамроҳ бо нахуствазир дастҳояшонро мисли мурғ карда, рақси мурғро, ки ба Нетта пирӯзӣ овард, иҷро карданд.

Қаблан нахуствазири Исроил Нетаняҳу гуфта буд, ифтихор мекунад, ки Евровидения дар Исроил баргузор мешавад.

Нахуствазир пирӯзии Неттаро ҳамчун як туҳфа ба шаҳри Байтулмуқаддас ки мардуми Исироил онро ҳамчун пойтахти ягона ва тақсимнашаванда, бар хилофи даъвои фаластиниҳо ба минтақаҳои шарқии шаҳр медонанд, донист.    

"Дар ин рӯзҳо шаҳри Байтулмуқаддас ба туҳфаҳо ниёз дорад. Як туҳфаи дигар имшаб мо ҳамроҳ бо Нетта ба даст овардем. Туҳфа он аст, ки соли дигар Евровидения дар Байтулмуқаддас баргузор мешавад ва мо ифтихор мекунем", гуфтааст Нетаняҳу.

Тибқи қоида Евровидения дар кишваре баргузор мешавад, ки намояндаи он дар ин сабақат пирӯз мешавад. Аммо интихоби шаҳр дар ваколати ҳукумати ин кишвар аст.

Вазъи танзимнашудаи шаҳри Байтулмуқаддас ҳангоми ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ, ба хусус варзишӣ ё фарҳангӣ мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад.