Муъмин Қаноат дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи Бозор Собир дафн шуд

Дар маросими дафни шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ҳамқаламон, аҳли фарҳанг, ёру дӯстон, пайвандон, аҳли хонавода ва намояндагони ҳукуматӣ ширкат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik.Мӯъмин Қаноат, шоири тавоною номдори тоҷик дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи қабри Бозор Собир дафн карда шуд. 

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи шоири маъруф Муъмин Қаноатимрӯз, 19-уми май дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуд.

Барои ба роҳи охират гусел кардани шоири маъруфи тоҷик, аз ҷумла, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, шоир Рустам Ваҳобниё, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов ва дигарон омода буданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти тоҷик хидмати шоиста кард

Муъмин Қаноат рӯзи 18 май дар синни 86-солагӣ дар паи беморӣ аз олам даргузашт. Яке аз наздикони шоир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки устод Қаноат дар рӯзҳои наврӯзӣ шамол хӯрдаасту вазъи саломатиаш дар рӯзҳои наврӯзӣ бад шудааст. Вале пас аз чанде хабар дода шуд, ки шоир сиҳат шудааст. Аммо ду рӯзи охир вазъи саломатии Муъмин Қаноат якбора бад шуду рӯзи 18 май ӯ ин ҷаҳонро падруд гуфт.

Тоҷикистон дар як моҳ ду шоири барҷастаи худро аз даст дод, —гуфт шоири рус Михаил Синелников.

"Бидуни Бозор Собир ва Мӯъмин Қаноат ашъори тоҷикон дигар аст. Ман бо Муминшо дер боз рафиқ будам. Қаблан ман ашъори "Гаҳвораи Сино" ӯро тарҷума карда будам"- гуфт Синелников.

1 / 4
Таджикский поэт Мумин Каноат, архивное фото
2 / 4
Поэт Бозор Собир, архивное фото
3 / 4
Народный поэт Таджикистана, лауреат Государственной премии СССР Мумин Каноат с дочерью Ширин.
4 / 4
Поэт Бозор Собир, архивное фото

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи таслият гуфтааст, ки "номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд".

"Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ кору фаъолият дошт.

Синелников: Тоҷикистон дар як моҳ ду шоири барҷастатарини худро аз даст дод

Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

Номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд",-омадааст дар номаи Эмомалӣ Раҳмон.

Муъмин Қаноат 20 маи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст.

Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад

Тавассути достони "Тоҷикистон — исми ман" (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Намунаҳои осораш борҳо ба забонҳои русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ ва ғ чоп шуда, ӯ ҳам дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.