Ҳушдори IRS аз фаромадани селу тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Боридани беисти борон рӯзҳои охир дар роҳи Душанбе–Чаноқ сабаби сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла, ҳолатҳои зиёди сангфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва омадани сел гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ширкати IRS аз фаромадани селу тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳушдор медиҳад. Боридани  беисти борон  рӯзҳои охир дар роҳи Душанбе-Чаноқ сабаби сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла,  ҳолатҳои зиёди сангфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва омадани сел гардидааст.

Чунин ҳолат бештар   дар  километри 85 то 157-уми роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуқӯъ омадааст.

Ҳамин тавр, Ширкати саҳҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз ҳамаи  ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар рӯзҳои боронӣ бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон  пеш аз  баромадан ба сафар  мошинҳои  худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Барф меборад: рӯзҳои истироҳат ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад
    

Ба гузориши сомонаи ширкат, намояндагони ин ширкат  бо мақсади бартараф намудани  оқибатҳои ин офатҳои табиӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур тадбирҳои  фаврию зарурӣ меандешанд.

Шабона 181 адад  техникаву механизмҳои он дар ҳолати корӣ қарор доранд ва ба бартараф намудани оқибати ин офатҳои табиӣ машғуланд.

Ба ғайр аз ин хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи  48 701 10 20 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина  таъҷилан  баррасӣ мегарданд.