Даниел Рустамов Тоҷикистонро дар ҷашнвораи "Роҳи абрешим" муаррифӣ мекунад

Дар ҷашнвораи мусиқии "Дарёфти ситораи Роҳи абрешим" 14 овозхони ҷавон аз кишварҳои мухталиф ширкат мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Батуми ҷашнвораи "Discover Silk Road Star" — "Найти звезду Шелкового пути", (Дарёфти ситораи Роҳи абрешим) баргузор мешавад.

Дар ин ҷашнвора 14 сарояндаи ҷавон аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина, Руминия ва дигар кишварҳое, ки Роҳи бузурги абрешим аз онҳо мегузурад, шикрат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвораи бонуфуз, сарояндаи ҷавон-Даниел Рустамов намояндагӣ мекунад.

Дар даври ниҳоии ҷашнвора, тамошобинонро консерти кулл бо ширкати беҳтарин овозхонон ва ситораҳои эстрада интизор аст.

Видеомости Тбилиси-Маскав-Боку-Бишкек-Остона "Ситораҳои роҳи абрешим" ва дигар маълумоти иловагиро рӯзи 17 май дар маркази матбуотии "Россия сегодня" пешниҳод мекунанд.

Оҷонсии хабарию радиоии Sputnik аз шарикони ҷашнвора мебошад.