Матвиенко татбиқи қонуни таҳримҳои ҷавобиро барои ИМА хисоротбор пешгӯӣ кард

Дар амал татбиқ намудани қонуни Русия роҷеъ ба таҳримҳои ҷавобӣ барои як қатор соҳаҳои иқтисоди ИМА метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад, гуфт раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ин аст, ки татбиқи қонуни таҳримҳои ҷавобӣ, ба ИМА хисороти зиёд ворид мекунад.

"Ҳаёт нишон медиҳад, ки, чун қоида, чораҳои "оинагӣ" бештар ҳассос ва таъсирбахшанд. Дар ин ҷо асари бумеранг кор мекунад. Қонун роҷеъ ба таҳримҳои ҷавобӣ нисбати ИМА, ки ба наздикӣ аз ҷониби намояндагони Думаи давлатӣ қабул мешавад, тасмимотеро бар асоси он ҳукумат хоҳад гирифт, ки бешубҳа, чунин асар медиҳанд. Пайомадҳои манфиро ширкатҳои амрикоӣ ва як қатор бахшҳои иқтисоди ИМА ҳис хоҳанд кард", — гуфт Матвиенко дар мусоҳиба бо хабарнигори РИА Новости.

Лавров: зарари таҳримҳои зидди Русия ба ҳама мерасад

Рӯзи сешанбе Думаи давлатӣ дар ҷаласаи умумӣ ҳангоми хониши аввал тарҳи қонун роҷеъ ба  чораҳои ҷавобӣ дар робита ба аъмоли Амрико ва кишварҳои дигарро, қабул кард.

Хониши дуюм дар таърихи 17-уми май ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаҳои қавонин, ки аз ҷониби гурӯҳи вакилон таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ворид карда шудаанд, ба ҳукумат ва бо тасмими раисҷумҳур ҳуқуқ дар робита ба ворид кардани контртаҳримҳо дар вокуниш ба рафтори носозгори ИМА ва дигар давлатҳои зидди Русияро дода, ҳамчунин ҷавобгарии ҷиноиро барои истифодаи таҳримҳои Ғарб дар қаламрави ФР, пешбинӣ мекунад.

Ҳарду ҳуҷҷат рӯзи душанбе аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ дар қироати аввал қабул шуданд.