ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус — Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Агротехсервис", ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид.
Ҳамзамон дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (прицеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 ададро ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.
Айни замон дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Агротехсервис" беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат кардаанд.
Мутахассисон мегӯянд, мутобиқати тракторҳо дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, байни Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи трактрбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Интизор меравад, ки дар оянда аз ин корхона трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Афғонистон содирот карда мешавад.
Таҷрибаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, мушкилоти кишоварзонро дар дастрасӣ ба техникаву таҷҳизоти корӣ бартараф менамояд.