Қадрдонии ВКД аз марде, ки пояшро шикасту духтарро аз марг наҷот дод

Саидасрор Хидиров худро ба дарёи Душанбе ҳаво дода, ҷавондухтареро, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Шоми 9 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа як ҷавондухтари 18-солаи сокини Душанбе бо мақсади худкушӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, худро аз баландии тахминан 3-4 метр ба дохили дарё ҳаво додааст.

Ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин лаҳза, шаҳрванд Саидасрор Хидиров, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ки ба моҳигирӣ машғул буаастд, доду фиғони ҷавондухтари ғарқшудаистода ва дар коми марг қарордоштаро шунида, дарҳол барои наҷоти ҷавондухтар шитофтааст.

Далеру ҷасур: Назарзода ҷавонеро барои наҷот додани модареро бо ду кӯдакаш қадрдонӣ кард

Саидасрор Хидиров худро ба дохили дарё ҳаво дода, ҷавондухтарро, ки алакай аз ҳуш рафа буд, бардошта ба соҳили дарё баровардааст.

Пас аз чанде гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти милитсия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷавондухтари 18-соларо ба беморхона интиқол додаанд.

Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии духтар хуб шудаасту сабаби қасди худкушии ӯ муайян мешавад.

Манбаъ афзуда, ки ҳангоми аз марг наҷот додани ҷавондухтар, устухони пои чапи Саидасрор Хидиров ҷароҳат бардоштааст.

Рӯзи 12 май роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хотири қадршиносии марди ҷасур, ба хонаи истиқоматии Хидиров ба аёдаташ омадаанд.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Назарзода Шариф барои анҷом додани чунин кирдори намунавиаш ба шаҳрванд Саидасрор Хидиров аз номи роҳбаряити Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, номбурдаро бо "Сипоснома", тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ қадршиносӣ кардааст.

1 / 2
Душанбинец сломал себе ногу но спас девушку от смерти
2 / 2
Душанбинец сломал себе ногу но спас девушку от смерти