Ҷавонони тоҷик ба Тула рафтанд: барои ширкат дар Ҳамоиши ҷавонони ИДМ

Ҷавонони Тоҷикистон дар Ҳамоиши фарҳангии ҷавонони кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Тулаи Русия ширкат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Намояндагони ҷавонони Тоҷикистон аз 14 то 16 майи соли ҷорӣ дар Форуми фарҳангии ҷавонони кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Тулаи Русия ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Русия дар ин ҳамоиш ҷавонон вазъият ва дурнамои ҳамкорӣ миёни ҷавонони кишварҳои ҳамсуд дар соҳаи фарҳанг ва кушишҳои муштарак барои нигоҳдории фазои умумифарҳангӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсудро баррасӣ хоҳанд кард.

Нахустин ҳакатон: ҷавонони тоҷик дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъотро осон карданд

Дар форум мазкур устодону, донишҷӯён, аспирантҳо, аҳли фарҳанг, намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои кишварҳои ҳамсуд, инчунин намояндагони музейҳо, театрҳо, муасссаҳои мусиқиву синамо ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши манбаъ, Ҳамоиши фарҳангии ҷавонони кишварҳои ҳамсуд дар Кремли шаҳри Тула баргузор шуда дар он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркаманистон ва Узбакистон ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин форум ҳашт доираҳои баҳсӣ дар мавзуҳои музейдорӣ, довталабӣ дар соҳаи фарҳанг, театр, филмҳои муосир, мусиқӣ, нақши забони русӣ дар ҳамгироии фазои фарҳангӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд мавҷуд будааст.