ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik.Тавре Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Тошканд рӯзи аввал варзишгарони навраси қораи Осиё дар 5 вазн — 44 кг, 48 кг, 51 кг, 55 кг ва 60 кг барои медалҳо рақобат карданд. Варзишгарони тоҷик дар 4 вазн қувваозмоӣ намуданд.
Асламҷон Азизов дар вазни 45 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамоти бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари японӣ Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 кг-ро сазовор шуд, мағлуб гашт.
Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад. Варзишгари дигари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг сазовори медали нуқра шуд.
Фирӯз рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев, баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари японӣ Ватару Сасакӣ шикаст хурд.
Ёдовар мешаваем, ки рақобатҳо имрӯз дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 80 кг, 92 кг ва 110 кг идома меёбад.
Дар шаҳри Бейрут низ дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон варзишгарони тоҷик 2 медал ба даст оварданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кг варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт.
Имрӯз варзишгарон дар вазнҳои —73 кг, —81 кг, —90 кг ва +90 кг барои медалҳо талош меварзанд.