Кӯдакони ятим аз Тоҷикистон барои медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии футбол мубориза мебаранд

Дастаи футболи “Наврӯз” аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол байни кӯдакони ятим қувваозмоӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Тими футболи "Наврӯз"-и  мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав Тоҷикистонро дар аввалин мусобиқаи таърихии Ҷоми ҷаҳонии футбол байни кӯдакони ятим таҳти унвони "Оянда аз ту вобастагӣ дорад", намояндагӣ мекунад.

Сабқат дар Маскав аз 11 то 16 май сурат гирифта, дастаҳоро аз 21 кишвари дунё ҷамъ меоваранд.

Русия дар ҷоми ҷаҳонии футбол чӣ қадар пул кор мекунад

Роҳхати худро ба бозиҳои "Ҷоми ҷаҳонии бачагона" дастаи футболи "Наврӯз" дар рафти бозиҳои сахт, вале зебои ниҳоӣ дар шаҳри Сочи, ба даст оварданд.

Пас аз марҳилаҳои интихобии шаҳрӣ ва минтақавӣ, дар зери офтоби сӯзони шаҳри Сочи 19 даста аз Тоҷикистон, Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ба майдон баромаданд. Мусобиқа дар ду гурӯҳи синну солҳои гуногун — гурӯҳи якум тарбиятгирандагони солҳои таваллуди 2004-2005 ва гурӯҳи дуввум тарбиятгирандагони солҳои таваллуди 2002-2003 — гузаронида шуд.  

Дар ҳайати дастаи "Наврӯз" футболбози бомаҳорату умедбахш Зиёвуддин Каримов, ки дар соли 2016 беҳтарин бозингари сабқат гардидааст, ҳунарнамоӣ мекунад.

Бо вуҷуди ғалабаҳои дастаҳои Русия, кӯдакони тоҷик  барои онҳо рақибони хеле қавӣ буданд. Ҳамин буд, ки маҳз тоҷикистониён беҳтарин нишонрасҳои мусобиқот шуда буданд: байни нисбатан калонон Зиёвиддин Каримов аз дастаи "Наврӯз" ва байни нисбатан хӯрдон — Худобахш Раҳимов ("Дӯстӣ", мактаб-интернети №1 ш. Душанбе) соҳиби ҷоиза шуданд.

Ва ба ҳайати дастаи нисбатан калонон "нуқра" супурда шуда, ҳамчунин ба онҳо ҷоизаи махсуси Иттиҳодияи хабарнигорони варзишӣ Fair Play ("Бозии одилона") ҳамчун ба дастае, ки беш аз ҳама нисбат ба рақибаш ҳангоми бозиҳои футбол эҳтиром гузоштааст.

Бозии зебо ва одилона ба писарон аз Шаҳринав имконият дода буд, ки довталаби ғалаба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ "Ояндаро аз ту вобаста аст" дар соли 2018 шаванд.

Даста аз Тоҷикистон роҳи сангинро тай кардааст. Аввал бачагон барои ба даст овардани ҳаққи сафар ба Русияро дар ватанашон Тоҷикистон, мубориза бурдаанд.

Сипас, наврасон худро дар Сочи хеле хуб нишон дода, дӯстдоштагони мухлисон ва доварон гардиданд.

Хабарнигорон, ташкилкунандагон ва худир иштирокдорон аз самими қалб дастаи Тоҷикистонро дӯст доштанд. Бачагон ба Сочи бидуни донистани забон, метавон гуфт, ба меҳмонӣ, омада буданд. Онҳо аз хабарнигорон шарм медоштанду, аз аккосон пинҳон мешуданд.

Эҳсосоти мизбонони хеле самимӣ ва воқеӣ буд - ҳангоми мукофотсупорӣ иштироккунандагони дигар бачаҳоро аз дастаи "Помир" бо табассуму қарсакзании дурудароз пешвоз гирифтанд. Ва на он қадар муҳим аст, ки ин бачагон кадом ҷойро ишғол кардаанд.

Аз ҳама муҳим - ба ин мусобиқа омадани онҳо, амалӣ гаштани орзӯяшон буд. Инчунин имконияти боварӣ ҳосил кардан ба он ки тамоми чиз имконпазир аст, ва ҳама аз худи ту вобаста аст.

Марадона фаворитҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро гуфт

Дар баробари гурӯҳҳои бештар омодадида, бачагон аз Тоҷикистон дар ҳар як қитъаи майдон мубориза мебурданд, ба якдигар боварӣ доштанд ва дар ҳақиқат бозии сатҳи хуберо нишон доданд.

Дар байни ташкилкунандагони мусобиқот — Вазоратҳои варзиш, маориф ва илм, корҳои хориҷии ФР, Иттиҳодияи футболии Русия ва Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо, иштирок доштанд.

Мусобиқа дар Маскав дар майдони "Сапсан-Арена" дар арафаи Мундиал ФИФА баргузор гашта, дастаҳои бачагонаро аз кишварҳои Англия, Белорус, Бразилия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Кения, Мексика ва дигар давлатҳо ҷамъ хоҳад овард. Барои унвони чемпионҳои ҷаҳон 12 дастаи бачагона ва духтаронаи синну солашон аз 14 то 17-сола рақобат хоҳанд кард.

Оё Ҷоми ҷаҳонии футбол имрӯз ба Тоҷикистон мерасад?

"Аллакай ҳашт сол аст, ки дар лоиҳа дастаи бозингарони тоҷик низ ширкат меварзиданд. Бачагони мо ғолиби финали Сочи шудаанд, чанд маротиба ба сегонаи беҳтарин шомил шудаанд, ҳамчун беҳтарин нишонрасҳо мукофот гирифтаанд", — шарҳ дод мудири иҷроияи ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Анатолий Изюмников.

Ӯ инчунин гуфт, ки дар тӯли 13 сол қариб 40 000 писарону духтарон аз якчанд кишвар дар мусобиқот иштирок доштаанд. Соли ҷорӣ чемпионати иштироккунандагони навро ба худ ҷалб намуд, аз ҷумла дастаҳоро аз Миср, Англия, Мексика, Бурунди, Либерия, аз ҷазираҳои Маврикий ва Филиппин.

Анатолий Изюмников ба дастаи "Наврӯз", ки дорои таҷрибаи бузурги бозингарӣ аст, ғалаба бар дилхоҳ рақибро орзӯ намуда, хоҳони он шуд, ки даста ба Тоҷикистон медалҳои тиллоии Ҷоми ҷаҳонро биёрад.