Ҷӯрабек Муродов дар маросими видои Ислом Саломов: дар зиндагӣ бояд ҳамдигарро қадр кунем

Коргардони машҳур дар синни 79-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард
Sputnik

Имрӯз дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ маросими видоъ бо Арбоби хунар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, яке аз поясутунҳои театри тоҷик, ҳунарманди забардаст Ислом Саломов сурат гирифт.

Сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Обид Назаров, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ҳунарпеша Асрор Камолиддинов ва Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Майрам Исоева ин мусибатро талафоти калон ба миллати тоҷик, алалхусус ба аҳли илму фарҳанг арзёбӣ намуданд.

Ҷӯрабек Муродов аз хизматҳои Ислом Саломов ба фарҳанг ёдрас шуда гуфт, "агар устоди гиромӣ барои як сония зинда мешуданд, аз меҳнатҳои кардаашон ҳеҷ гоҳ пушаймон намегаштанд".

"Ман бисёр гапҳо дорам, лекин дар зиндагӣ бояд ҳамдигарро қадр кунем, гузаштагон дигар бар намегарданд",- афзуд ӯ.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори тасаллиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахусус Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли пайвандон ва хешу ақрабо расонд.