LIVE: Навори баргузории "Ҳанги ҷовидон" дар Маскав, ки дар он тоҷикон низ иштирок доранд

Дар Маскав ин маросими идона соати 15:00 сар шуд, ки мардум кӯчаҳои марказии шаҳрро пур кардаанд
Sputnik

Дар пойтахти Русия шаҳрвандон барои поси хотири ҷанговарон ба кӯчаҳо баромаданд. Дар даст акси наздиконашон бештари мардум "Ба бобоям барои пирӯзӣ ташаккур" гӯён аз кӯчаҳои шаҳр мегузаранд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки  дар аксия тоҷикистониён низ иштирок хоҳанд кард.

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Порсол дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" беш аз 700 намояндагони Тоҷикистон бо аксҳои бобоёни худ қадам заданд.