Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст: Путин Раҳмонро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик гуфт

Дар номаи табрикотии раисҷумҳури Русия Владимир Путин омадааст, ки Рӯзи Пирӯзӣ-санаи муқаддас рамзи якдилӣ ва қаҳрамонии халқ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раҳбарони кишварҳои узви ИҶШС, шаҳрвандони Гурҷистон ва Украинаро ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ табрик гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Русия.

Гуфта мешавад, ки Владимир Путин кишвардорони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ ва шаҳрвандони Гурҷистону Украинаро муборакбод гуфтааст.

"Дар номаи шодбошии раисҷумҳури Русия ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ қайд мешавад, ки Рӯзи Пирӯзӣ-рӯзи муқаддас, рамзи якдилӣ ва қаҳрамонии халқи мо, ки дар як саф дар фронт ҷангиданду дар ақибгоҳ ба номи Ватан ва наҷоти кулли башарият аз фашизм, хизмат карданд, мебошад", — омадааст дар нома.

Овозхонии Меҳрона Ғайбуллоева ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ. Навор

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва собиқадорони ҶБВ-ро ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ муборакбод гуфт.

"Ҳамватанони азиз! Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд", — гуфт Эммоалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.