Владимир Путин: Русия мисли мурғи Қақнус аст

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Русияро бо мурғи афсонавии Қақнус муқоиса кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар маросими савгандёдкунӣ, назарашро дар бораи кишвараш аҷиб баён кард.

"Тайи таърихи ҳазор солаи Русия, мо борҳо бо замони ошӯбу санҷиш рӯ ба рӯ шудаем ва ҳамеша дубора зинда мешудем, мисли мурғи Қақнус ба баландиҳое мерасидем, ки дигарон наметавонистанд, вале ин барои кишварb мо мисли як ҷастгоҳе буд, ки дар даврони таърихи нав барои рушди пурзӯр кумак мекард " — гуфтааст Владимир Путин.

Владимир Путин расман раисҷумҳури Русия шуд

Лозим ба ёдоварист, ки мурғи Қақнус-паррандаи афсонавиест, ки дар охири умраш худро оташ зада аз хокистараш тухм ва насли нав пайдо мешавад. Ин мурғ дар афсонаҳои чандин фарҳангҳо дида мешавад ва бештар ба офтобпарастон робита дорад.

Мурғи Қақнус хушрангу хушовозе, ки гӯё 1000 сол умр мебинад, дар минқораш 360 сӯрох дорад ва дар кӯҳи баланде муқобили бод нишаста, садоҳои аҷибу дилкаше мебарорад, ки боиси ҷамъ гардидани дигар парандагон мегардад, аз онҳо чандеро тӯъмаи худ месозад, ҷуфт надорад ва худро дар охири умраш оташ мезанад ва аз хокистараш тухм ва насли нав пайдо мегардад.

Қақнус рамзи аз нав барқароршавӣ ва ҷовидонӣ аст. Рамзшиносон мурғи Қақнусро ҳамчун мурғе медонанд, ки худро оташ мезанад ва аз хокистараш аз нав пайдо мешвад. Маликаи Елезавета I ва Мария, маликаи шотландҳо мурғи Қуқнусро ҳамчун рамзи худ интихоб кардаанд.