Меҳмон аз Арабистон: "Тоҷикистон дар воқеъ биҳишти рӯи замин будааст"

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ идома дорад. Табиати Тоҷикистон меҳмонони арабро тасхир кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май— Sputnik. Меҳмонони араб аз дидани манзараҳои Тоҷикистон ба ваҷд омада, онро биҳити рӯи замин номидаанд.

Ширкаткунандагони Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ рӯзи 6 май ба шаҳри Норак сафар карданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

Меҳмононро раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтааст.

Ба сокинони Душанбе аз Арабистон оби "Зам-зам" оварданд

Сипас меҳмонон аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак боздид кардаанд. Ин рӯз ҳамчунин барномаи фарҳангии Арабистон дар Норак баргузор шудааст.

Ба гузориши манбаъ, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак мардуми зиёд барои тамошои барномаи консертии ҳунармандони Арабистони Саудӣ ҷамъ омада будаанд.

Барномаи консертӣ бо суханони ифтитоҳии Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд оғоз гардидааст.

"Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар кишвари мо Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Боварии комил дорем, ки ин чорабинӣ барои мустаҳкамтар намудани дустии ду кишвар ва барои ҳамкориҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меоварад"- гуфтааст раиси Норак.

Роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон изҳори сипос намуд, ки имконияти мазкурро барои муаррифии фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардаанд.

"Мо ифтихор мекунем, ки байни давлатҳои арабзабон нахустин давлатем, ки дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги худро баргузор карда истодаем. Қабл аз ба Тоҷикистон омадан шунида будем, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Дирӯз ва имрӯз мо шоҳид шудем, ки ин кишвар дар ҳақиқат бо мардум ва аҳолии некӯи он биҳиштосо аст".

Сипас, барномаи мусиқии фолклории ҳунармандони Арабистони Саудӣ пешкаши мардуми норак шудааст.