Баромади тоҷикдухтарро аҳли толор гарму самимона пешвоз гирифтанд. Се довар тугмаи сабзро пахш карданд.
Меҳрона худ мегӯяд, "ростӣ бовар надошт".
Ғайбуллоева дар ин давра суруди "Искала" (Меҷустам)-и Земфираро иҷро кард.
Меҳрона Ғайбуллоева пештар нақл карда буд, ки каме нотоб шуда буд, барои ҳамин бовариаш ба худаш каме коста шудааст. Аммо барои пирӯзӣ тамоми қувваи худро истифода хоҳад бурд.
"Хело дар ҳаяҷон ҳастам. Каме нотоб шуда будам, барои ҳамин шояд аз ҳамин сабаб ба давраи дигар нагузарам. Шонси ман 50 ба 50 аст ба фикри худам", — мегуфт вай.
Меҳрона қоил мешавад, ки хело Тоҷикистонро пазмон шудааст ва мехоҳад ба зудӣ ба кишвар бар гардад.